Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарос аз миллатгароён баъди куштори кӯдак


Баъди куштори ваҳшиёнаи як кӯдак дар Москва кормандони пулиси Русия, барои пешгирӣ аз авҷи бегонаситезӣ, бо намояндагони ҳаракатҳои миллатгароёна суҳбат мекунанд.

Чорабиниҳои пешгирикунанда фавран баъди пахши хабари боздошти зани сиёҳпӯш дар назди метрои "Майдони октябр" шуруъ шуд. Ин зан "Аллоҳу акбар" садо мезад ва таҳдид мекард, ки худро метарконад. Пулис баъдан хабар дод, ки ин зан Гулчеҳра Бобоқулова - зодаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аст ва кӯдаки кушташударо доягӣ мекардааст.

Аксари телевизионҳои давлатии Русия аз пахши хабари куштори кӯдак худдорӣ варзиданд. Телевизиони РБК-аи Русия бо такя ба сарчашмаҳои худ мегӯяд, телевизионҳои давлатии он кишвар дастур гирифтаанд, ки ба хотири барнаангехтани миллатбадбинӣ аз пахши ин гузориш худдорӣ варзанд. Кремл мегӯяд, дар ин робита дастуре надодааст, аммо аз иқдоми телевизионҳо пуштибонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи декабри соли 2010 баъди қатли як шаҳрванди Русия чанд ҳазор рус дар майдони Манежи Москва ҷамъ омада, даст ба эътироз заданд. Ин ҷамъомадагон ба чанде аз зодагони Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамла карда буданд.

XS
SM
MD
LG