Дар ҷаласаи ахири гурӯҳи муштараки байниҳукуматии Вашингтон сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон суханронӣ кард. Ин нишаст рӯзи 29 феврал дар бинои ба номи Роналд Рейган ва Маркази байналмилалии тиҷорат баргузор шуд. Дар як мусоҳибаи катбӣ бо радиои Озодӣ сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим гуфт, дар суханронии худ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ба вижа дар масоили захираҳои обӣ энергетикӣ, коммуникатсионӣ, сайёҳӣ ва бахши хоҷагии қишлоқ сӯҳбат кардааст. Вай гуфт, ба се ҳадафи стратегии Тоҷикистон, ки президент Эмомалӣ Раҳмон низ ба онҳо таъкид кардааст, таваҷҷӯҳи ҳозиронро ҷалб кард – ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад. Ба иттилои сафир, дар миёни ширкатдорони ин ҳамоиш намояндагони расмӣ, доираҳои тиҷоратӣ, таҳлилгарон ва коршиносоне, ки ба минтақа таваҷҷӯҳ доранд, иштирок карданд. Ин мулоқот дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “The Washington Intergovernmental Professional Group” ва дафтари “Office for Trade Promotion” барпо гардид. Ӯ гуфт, ин чорабинӣ як иқдоми маъмулӣ аст ва дар соли гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон бори аввал дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “The Washington Intergovernmental Professional Group” барпо шудааст. Ҳадафи аслӣ, гуфт ӯ, ошноии бештари коршиносони амрикоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими тамосҳои бештари тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мебошад.