Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони интихоботӣ ба Қазоқистон меоянд


Ҳайати нозирони интихоботӣ аз кишварҳои ҳамсуди пасошӯравӣ назорат бар ҷараёни омодагӣ бар интихоботи Маҷлиси поёнии порламони Қазоқистонро оғоз кардаанд.

Бино ба хабари ситоди нозирон, то ҳол аз кишварҳои Шӯравии пешин бештар аз 100 нозир сабти ном шудаанд. Ба ин ҳайати нозирон намояндагони Русияву Беларус, Озарбойҷону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон, Узбакистон ва аз маҷмаи порламонии кишварҳои ҳамсуд дохил мешаванд.

Дар маҷмуъ бар ҷараёни ин интихобот 300 нозири хориҷӣ назорат хоҳанд кард.

Дар Қазоқистон интихоботи зудраси порламонӣ бо фармони Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар 20 март эълон шудааст. Ҳамзамон бо он интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ низ баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG