Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Эрон бо Узбакистон густариш меёбад


Баҳман Оқорозӣ Дурмонӣ-сафири Эрон дар Тошканд рӯзи ҷумъа ба матбуот гуфтааст, ки кишвараш ба транзити бору колои Узбакистон кӯмак мекунад ва ҳамкориҳояшро дар бахшҳои дигари иқтисод густариш медиҳад.

Вай гуфтааст, “ҳукумати Эрон ба нақша гирифтааст, ки имконоти фурудгоҳи "Имам Хомейнӣ”-ро барои таранзити нақлиётӣ дар ихтиёри Узбакистон гузорад.

Дурмонӣ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо музокироти намояндагони хадамоти ҳавопаймоии Узбакистон дар Теҳрон бо комёбӣ ба поён расидааст ва ҳар ду ҷониб ба тавофуқоти муқаддамотӣ расидаанд, ки байни фурудгоҳҳои байналмиллалии “Навоӣ”-и Узбакистон ва "Имам Хомейнӣ"-и Эрон ҳамлу нақли коло оғоз шавад.

Ба гуфтаи Дурмонӣ мавқеияти Узбакистон дар Осиёи Марказӣ барои ҳамлу нақли транзитӣ муносиб аст ва метавонад ба унвони нуқтаи интиқоли баъдии колоҳо истифода шавад.

XS
SM
MD
LG