Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев моҳи май ба Тоҷикистон меояд


Қарор аст, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Масъалаи омодагӣ ба сафари расмии Алмосбек Отамбоев ба Тоҷикистон имрӯз, панҷшанбеи 18 феврал зимни вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Парвиз Давлатзода бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов баррасӣ шудааст. Масъулони сафорати Қирғизистон дар Душанбе бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки интизор меравад, сафари расмии Алмосбек Отамбоев ба Тоҷикистон дар моҳи май сурат бигирад.

Интизор меравад, ҷаноби Отамбоев дар нахустин сафари расмии худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти баландлпояи ин кишвар дидору гуфтугӯ намояд. Имзои асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷараёни сафари расмии Отамбоев ба Душанбе низ дар назар аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба то ҳол ҳал нашудани масъалаи мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти марз ва вуқӯи мавориди ихтилофот дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар солҳои ахир, сафари расмии Алмосбек Отамбоев ба Душанбе дар муносбатҳои ду кишвари ҳамсоя, пураҳамият арзёбӣ мешавад.

Ҳодисаи ахир, ки 6 феврал парчами Қирғизистон болои хонаи ду сокини деҳаи Овчӣ – Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон барафрохта шуд, мояи нигаронии амиқи Душанбе гардид ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе нисбати ин ҳодиса нотаи эътирозӣ супурд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG