Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон - хостори тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ бо Русия


Вазирони дифои Русия ва Эрон дар мулоқоти Маскав
Вазирони дифои Русия ва Эрон дар мулоқоти Маскав

Вазири дифои Эрон дар Маскав бо ҳадафи баррасии ҳамкориҳои низомӣ қарор дорад. Ҳусейни Деҳқон рӯзи 16 феврал бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карда, инчунин бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу дидору гуфтугӯ кард. Шойгу аз “сатҳи баланди эътимод” ва ҳам майл ба ҳамоҳангсозии сиёсати миёни ду кишвар ситоиш кард. Дар ҷараёни ҷанги панҷсолаи Сурия, Русия ва Эрон аз пуштибонони қавии президент Башор Асад будаанд. Ҳусейни Деҳқон дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Русия гуфт, ки Эрон хостори тавсеаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ бо Маскав аст. Русия бо Эрон созишномае дорад, ки бар асоси он Теҳрон мушакҳои дурбурди ҳавоии навъи S-300-ро дарёфт мекунад. Эрон гуфтааст, ки ба силоҳҳои бештари русӣ эҳтиёҷ дорад. Дар оғози моҳи феврал Деҳқон ишора кард, ки Эрон инчунин мехоҳад аз Русия ҳавопаймоҳои ҷангии навъи Su-30-ро дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG