Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Қирғизистон аз узвият дар созмони АвруОсиё розист?


Олег Панкратов
Олег Панкратов

Олег Панкратов-муовини нахуствазири Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, дар давоми ним соли гузашта баъд аз вуруди ин кишвар ба узвияти Созмони иқтисодии АвруОсиё натиҷаҳои он чандон рӯшан нест.

Ба гуфтаи вай, чунин норӯшанӣ ба чанд омил иртибот дорад, яъне устувор набудани арзиши пули Қирғизистон ва поин рафтани арзиши он дар баробари доллар мебошад. Вале вай изҳор дошт, ки агар Қирғизистон ба ин созмон дохил намешуд, шояд вазъаш каме бадтар аз ин мебуд.

Панкратов гуфтааст, сабаби аслии даромадан ба ин созмон дастрасӣ пайдо кардан ба бозорҳои маъмулӣ буд, чунки дастрасӣ ба бозорҳои узви ин созмон мушкил шуда буд.

Панкратов меафзояд, умуман имкони хуруҷ аз ин созмон вуҷуд дорад. Вале оё ба он зарурат ҳаст, чунки чунин иттиҳоди алтернативӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG