Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо барои қарзи шубҳанок ба президент


Мақомоти Босния гуфтанд, ки як бонкдор ва ҳам се мақоми ҳукуматии ин кишвар барои ироаи қарзи ҷанҷолбарангезе ба президенти Ҷумҳурии Сербҳои Боснӣ боздошт шуданд. Рӯзи 11 феврал додситони кулли Босния гуфт, ки муассиси Бонки байналмилалии “Павлович” – Слободан Павловичро ҳамроҳ бо се мақомдори дигар (Петар Лазич, Лилиана Гарич ва Благо Благоевич) дар паи рейде дар бонк боздошт кардаанд. Полис гуфт, ки ин афрод барои “сӯиистифода аз мақом ва пулшӯӣ” боздошт шудаанд. Павлович як соҳибкорест, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва моҳи декабр аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ шудааст. Он замон вай ба матбуот гуфта буд, ки муфаттишон аз ӯ дар мавриди шароити додани қарз ба президенти Ҷумҳурии Сербҳои Боснӣ Милорад Додик суол додаанд. Қарз дар ҳаҷми 870 ҳазор доллар барои харидани як вилла дар шаҳри Белград дар соли 2007 дода шудааст.

XS
SM
MD
LG