Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази зиддитеррор мутахассис тайёр мекунад


Маркази зиддитеррористии кишварҳои мустақили ҳамсуд ба нақша гирифтааст, ки машқу тамрини муттахассисони зиддитерроро оғоз кунад. Дар ин бора генерал Андрей Новиков-раҳбари ин марказ дар ҷаласаи 9 раҳбарони марказҳои зиддитеррори кишварҳои узв хабар дод.

Дар ин марказ намояндагони ниҳодҳои интизомии 10 кишвар, яъне Озарбойҷону Арманистон, Беларусу Қазоқистон Қирғизистону Молдова Русияву Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон ширкат доранд.

Ба гуфтаи Новиков, дар ин ҷаласа асосан ояндабинии вазъи амниятӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ташдиди вазъ, аз ҷумла дар марзҳои кишварҳои ҳамсуд баррасӣ мешавад. Ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ифшои таъмини молии сохторҳои террористӣ, таҳкими назорат бар марзҳо бо назардошти хатари баргашти ширкаткунандагони ҷангҳои Сурия аз масъалаҳои дигар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG