Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обанбори Мавсил дар Ироқ хатарнок шудааст


Обанбори Мавсил
Обанбори Мавсил

Обанбори Мавсил дар Ироқ, ки хатарноктарин обанбор дар ҷаҳон ба шумор меравад, беш аз пеш ба хатар рӯ ба рӯ мешавад ва дар сурати рахна шудан дар поёноб миллионҳо нафар зери об мемонанд.

Дар ин бора порламони Ироқ натиҷаҳои омӯзишҳои як маркази амрикоиро 9 феврал эълон кард. Пояи ин обанбор чандон мустаҳкам бунёд нашудааст ва фарсуда мешавад. Баъд аз он ки гурӯҳи Давлати Исломӣ барои муддате дар соли 2014 ин обанборро ба тасарруфи худ даровард, ҳифзу муроқибати он камтар ва сохтори он нуқс пайдо кардааст.

Дар омӯзиши Муҳандисони артиши Амрико омадааст, “ҳамаи маълумоте, ки дар давоми соли гузашта гирдоварӣ шуд, нишон медиҳад, ки обанбори Мавсил нисбат ба тасаввуроте, ки вуҷуд дорад, бештар дар маърази хатар қарор гирифтааст ва хатари он имсол нисбат ба соли гузашта бештар аст”.

Баъд аз поёни сохтмони ин обанбор дар соли 1984 ҳукумати Ироқ ҳамеша дарзҳои таҳкурсии обанборро бо семент пур мекард. Баъд аз гирифтани ин обанбор аз дасти тундравҳои Давлати Исломӣ сементрезӣ дар таҳкурсии он дубора оғоз шуд, вале на ба он андоза, ки зарур аст. Сабаб ин аст, ки корхонаи тавлиди семент, ки дар наздикии ин обанбор қарор дорад, дар ихтиёри тундравҳои Давлати Исомӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG