Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ имкони интиқоли нерӯҳои сареъи кишвараш ба Сурия дар ҳайати Эътилофи таҳти фармони ИМА алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро байид намедонад.
Ӯ баъд аз мулоқот бо вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ дар Вошингтон рӯзи 8 феврал гуфт, ки айни ҳол мавзӯи теъдоди нерӯҳои заминӣ ё нерӯҳои вокуниши сареъ дар Сурия дар ҳайати Эътилофи таҳти фармони ИМА баррасӣ мешавад ва Арабистони Саъудӣ барои ширкати нерӯҳои зудамалаш дар ин гуна амалиёт омода аст.
Дар музокироти Ҷон Керрӣ ва Одил ал-Ҷубайр асосан рӯи низоъҳо дар Сурия ва Яман тамаркӯз шуд.
Гуфтушунид дар ҳоле сурат гирифт, ки артиши Сурия бо пуштибонии ҳавопаймоҳои низомии Русия ва ширкати низомии Эрон амалиёти густурда доир намуда, ба марзҳои Туркия наздик мешавад.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба интиқоли нерӯҳои хушкигарди кишвараш ба Сурия мухолифат кард ва аммо соли гузашта дар бораи фиристодани 50 низомӣ ба хотири ширкат дар амалиёти вижа розӣ шуд.