Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "қаллобии" бародари А. Ғоиб


Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки таҳқиқи парвандаи Наҷмиддин Саидов, раҳбари намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳанӯз ҷараён дорад. Онҳо дар нишасти хабарии 8 феврал гуфтанд, ки Наҷмиддин Саидов ба "қаллобӣ" муттаҳам мешавад.

Моҳи октябри соли гузашта мақомот аз боздошти Наҷмиддин Саидов, раиси филиали "Тоҷиксодиротбонк" хабар додаанд. Баъдан ӯ бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, баробар ба тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шудааст.

Масъулини "Тоҷиксодиротбонк" он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳарчанд боздошти Наҷмиддин Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки феълан раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, "овозаҳои атрофи ӯ ба фаъолияти кории ӯ дар бонк рабт надорад".

XS
SM
MD
LG