Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи "Ал-Қоида" дар Яман


Ҷалол Белайдӣ
Ҷалол Белайдӣ

Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ яке аз фармондеҳони аршади шабакаи “Ал-Қоида” дар Яман кушта шуд. Ба навиштаи расонаҳо, Ҷалол Белайдӣ бо тахаллуси Абӯ Ҳамза, сарфармондеҳи гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” субҳи 4 феврал аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Абён ҷон бохт.

Гуфта мешавад, ки Белайдӣ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” таваҷҷуҳ дошт, ҳарчанд ин ду гурӯҳи ситезаҷӯ рақиби сарсахти ҳамдигаранд. Бар пояи хабарҳои тайиднашуда, Абу Ҳамза ахиран аз Ал-Қоида канор рафта, раҳбарии бахши ямании “Давлати исломӣ”-ро бар зимма гирифта буд.

Зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ алайҳи ситезаҷӯён дар ҳоле идома доранд, ки дар Яман ҷанг миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва шибҳанизомиёни ҳӯсӣ шиддат мегирад. Дар ин низоъ Арабистони Саъудӣ аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва Эрон аз ҳӯсиҳо пуштибонӣ мекунанд. Шаҳри Санъо, пойтахти Яман, зери назорати ҳӯсиҳо қарор дорад.

Моҳи июни соли гузашта аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дигар раҳбари аршади “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” Носир ал-Вуҳайшӣ кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG