Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи фурӯши саҳом дар бозори Теҳрон боло рафт


Нархҳо дар бозори фурӯши саҳоми Теҳрон дар давоми як соли гузашта баъд аз лағви таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон бори аввал ба болотарин нуқтаи худ расид.

2 феврал дар бозори фурӯши саҳом ё авроқи баҳодор нархи саҳом то ба 73,725 шохис ё нишондод боло рафт ва дар давоми даҳ рӯзи баъд аз лағви таҳримҳо сармоягузориҳои хориҷӣ ба 16,6 миллион доллар расид. Дар ин бора Блумберг хабар додааст.

Ҳасан Қолибоф Асл-раиси иҷроии бозори фурӯши саҳом ба Блумберг гуфтааст, “аз лағви таҳримҳо муддати зиёд нагузаштааст, вале дар ин муддати кӯтоҳ таъсири он хеле мусбат аст”.

Вай гуфтааст, “ин раванд таъсири равонӣ низ дорад ва боиси хушбинӣ шудааст, зеро акнун вазъ барои сармоягузорон рӯшан аст”.

Баъд аз лағви таҳримҳо Эрон умедвори пешрафти иқтисодаш аст. Лағви таҳримҳо ба Эрон имкон медиҳад, ки нафти хоми худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузорад ва илова бар ин ба 100 миллиард доллар дороиҳои худ дар бонкҳои ҷаҳон дастрасӣ пайдо кунад.

Бозори фурӯши саҳом мегӯяд, ки баъд аз лағви таҳримҳо фурӯши саҳом се баробар афзоиш ёфта, рӯзе аз 40 миллион доллари маъмулӣ то ба 133 миллион доллар боло рафтааст.

Таҳримҳо замоне лағв шуд, ки Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии худ ба тавофуқ расид.

XS
SM
MD
LG