Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқоев ба дафни бародараш рафта натавонист


Аскар Оғоев
Аскар Оғоев

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон дар ҷанозаи бародараш дар шаҳри Бишкек иштирок накардааст. Қаблан ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хабар дода буданд, ки дар маросими дафни Асанқул Оқоев бародараш ҳузур хоҳад дошт. Аммо ба ҷаноза Илим, писари президенти собиқ ҳозир шудааст.

Роҳат Сулаймонов, раиси дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст. Гуфта мешавад, мақомоти ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба вуруди раисиҷумҳури ин кишвар ба шаҳри Бишкек иҷоза надодаанд.

Зимнан, дар моҳи августи соли 2014 низ Аскар Оқоев дар маросими дафни бародари дигараш Болот иштирок карда натавонист. Зеро дар пайи пайдо шудани хабарҳо дар мавриди имкони вуруди Аскар Оқоев ба шаҳри Бишкек Аида Салянова, додситони кулли Қирғизистон изҳор дошт, ки президенти собиқ аз рӯи қазияҳои ҷиноӣ бозпурсӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG