Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дидбонгоҳ ба номи Амакиев гузошта шуд


Як дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Панҷ ба номи генерал-майор Рустам Амакиев - фармондеҳи “Алфа”, ки моҳи сентябри соли гузашта дар ошӯби муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит кушта шуд, гузошта шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев-масъули маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ рӯзи 27 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар минтақаи зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» 5 дидбонгоҳи нав бо таҷҳизоти муосир ба истифода дода шуд, ки яке аз ин дидбонгоҳҳо ба номи генерал-майор Рустам Амакиев гузошта шуд. Дар маросимҳои ифтитоҳи дидбонгоҳҳо, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов ва фармондеҳи нерӯҳои марзии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ширкат доштанд. Дидбонгоҳҳои нав аз ҷониби дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон сохта шудаанд.

Рустам Амакиев, полковники 42-сола, шоми 15 сентябри соли 2015 кушта шуд ва баъд аз як ҳафтаи он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пас аз марг рутбаи генерал-майор дод ва дараҷаи аввали ордени Спитаменро эҳто кард. Орден ба пайвандони Рустам Амакиев супурда шуд. Ҳамчунин, ҳукумат ба ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғи ӯ дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ ҳадя кард.

Аз ин қабл дар ноҳияи Восеъ бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, оғоз ёфта буд.

XS
SM
MD
LG