Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров Олмонро муттаҳам кард


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия Олмонро муттаҳам кард, ки иддаои таҷовуз ба номуси як духтари 13 солаи муҳоҷири Русияро пинҳон медорад.

Лавров дар нишасти хабарии 26 январ дар Маскав тарзи бархӯрди Олмон ба ҳодисаи бедарак шудани духтари 13 соларо дар 11 январ зери суол бурд.

Додситонҳои Берлин дар робита бо ин ҳодиса ду мардро тафтиш мекунанд ва духтарро ҳам бозпурсӣ кардаанд, ки оё ба номуси вай таҷовуз кардаанд ё хайр. Ин духтар бо номи “Лиза Ф.” муаррифӣ шудааст. Бозрасон мегӯянд, ки нишондодҳои духтар ба ҳам зиддунақиз мебошанд.

Лавров гуфт, “албатта маълум аст, ки духтар ихтиёран 30 соат бедарак намешавад”. Вай расидагии одилона ва воқеъбинона ба ин парвандаро тақозо кард.

XS
SM
MD
LG