Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳ "эмиссар"-и ДИИШ дар Анкара


Полиси Анкара, пойтахти Туркия, дасти кам даҳ нафари гумонбар дар ҷалби афроди мусаллаҳ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро боздошт кард. Хабаргузории давлатии Anadolu мегӯяд, ки амалиёти гурӯҳи зиддитеррористӣ дар пойтахт субҳи рӯзи 25 январ ба хотири дастгир кардани ду нафар аз гумонбарон сурат гирифт. Мақомоти Туркия гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар таҳияи ҳамлаи террористӣ дар қисмати таърихии шаҳри Истамбул айбдор мекунанд. Дар он ҳамла, ки рӯзи 12 январ сурат гирифт, даҳ тан аз сайёҳони хориҷӣ ҷон бохтанд.

Ситезаҷӯёни гурӯҳ дар ҳамлаи террористӣ дар Анкара дар моҳи октябри соли гузашта, ки мунҷар ба ҳалокати 103 нафар шуда буд, низ айбдор мешаванд.

Туркия амалиёти боздошти гумонбарони узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро идома медиҳад ва барои бастани марзҳои заминияш бо Сурия талош мекунад. Анкара ҳамчунин бакишварҳои узви Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА иҷоза додааст, ки барои бомбборони мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз пойгоҳҳои низомии кишвар истифода баранд.

XS
SM
MD
LG