Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз "Аэробус" 114 ҳавопаймо мехарад


Мақомоти Эрон мегӯянд, Теҳрон ба нақша гирифтааст, ки аз ширкати аврупоии Аэробус дар моҳи март 114 ҳавопаймо харидорӣ ва қарордодҳои дигарро низ баррасӣ кунад.

Ҷумҳурии Исломӣ баъд аз коҳиши таҳримҳои Ғарб аз муҳосираи иқтисодӣ берун меояд. 16 январ ин таҳримҳо то андозае сабуктар шуданд ва он бар асоси тавофуқоти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон барои маҳдудияти барномаҳои ҳастаиаш ба даст омадааст.

Маҳдӣ Ҳошимӣ-раиси Кумиссиюни рушди Маҷлиси Эрон дар нахустин ҳамоиши соҳибкорони ҷаҳонӣ дар Теҳрон баъд аз давраи таҳримҳо изҳор дошт, ки Эрон ба 500 ҳавопаймои нав ниёз дорад.

Аббос Охундӣ-вазири нақлиёти Эрон 24 январ дар Теҳрон ба рӯноманигорон гуфт, ки Теҳрон дар бораи ҷузъиёти тавофуқот ҳафтаи оянда бо ширкати Аэробус музокира анҷом медиҳад ва мехоҳад бо ширкати Боинги Амрико низ харидории ҳавопаймоҳоро дар миён миён гузорад.

XS
SM
MD
LG