Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ин модар кумак кунед


Робия Муродова бо кӯдаконаш
Робия Муродова бо кӯдаконаш

Барои кӯмак ба зане, ки ду кӯдаки бесоҳибро ба тарбияи худ гирифтааст, суратҳисоби бонкӣ боз кардаанд.

Дар пайи муроҷиати корбарони торнамои Озодӣ, ки аз чӣ роҳ мешавад ба Робия Муродова ва кӯдаконаш ёрӣ кард, ин хонавода дар бонк суратҳисоб боз намуда, нусхаи онро ба мо фиристоданд. Ҳоло афроде, ки нияти кумак ба ин оиларо доранд, тариқи суратҳисобҳои зер метавонанд барояшон маблағ фиристанд.

Робия Муродова бар замми кӯдакони худаш тарбияи ду тифли зиндаятимро ба ӯҳда гирифтааст. Ин хонавода дар як ҳуҷраи хобгоҳе воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, назди бозори "Саховат", зиндагӣ мекунанд. Вале ба онҳо низ ба мисли дигар сокинони ин хобгоҳ то моҳи март мӯҳлат додаанд, ки хонаро холӣ кунанд.

Ҳар кӣ бинвозад ятими хастаро. Қиссаи як модари ятимпарвар

Робия Муродова ва кӯдаконаш намедонанд, ки баъд аз моҳи март чӣ кор мекунанд. Ба ҳар ҳол, ӯ ба онҳое, ки то ин лаҳза кумакаш кардаанду занг задаанд, ташаккур мегӯяд.

СУРАТҲИСОБҲО:

Бо рубли русӣ
Бо рубли русӣ

Бо сомонӣ
Бо сомонӣ

Бо доллар
Бо доллар

Бо евро
Бо евро

XS
SM
MD
LG