Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар кӣ бинвозад ятими хастаро. Қиссаи як модари ятимпарвар


Як ҳуҷраи хурду фақиронаи муваққатӣ, ҳам ҷойи хоб, ҳам ошхона ва ҳам ҷойи бозии фарзандони хурдсоли Робия Муродова аст. Ӯ дар ин ҷо 4 кӯдак - ду фарзанди худ ва ду тифли партофташударо ба воя мерасонад.

Маликаи 9-сола ва Анисаи 1-сола аз ҷумлаи кӯдаконеанд, ки модарони аслиашон аз онҳо даст кашидаанд, вале бо амри сарнавишт модари дигаре барояшон оғӯш кушод. Модаре ки аввал барояшон фақат як доя буд ва ҳадаф дошт бо пули нигоҳубини онҳо зиндагии беҳбуд бахшад. Аммо тақдир ӯро азизтарин ва наздиктарин нафари ин ду тифл кард.

Робия Муродова чӣ гуна зери тарбияи ӯ омадани Маликаро чунин қисса мекунад: “Малика 3-рӯза буд, ман дояи ӯ будам, як рӯз очааш омад гуфт, духтарамро нигоҳ кун ва бо ҳамин дигар барнагашт. Дар шашмоҳагӣ кӯдак бемории вазнин шуд. Модарашро пайдо кардем, овардам, гуфт ман дигар шавҳар кардам, оиладорам, зиндагии маро, илтимос, вайрон накун. Гуфт, ман ба шумо фарзандамро бахшидам, мефурӯшед, мепартоед, кори шумо. Забонхат навишту рафт."

Робия Муродова Маликаро напартофт, нафарӯхт, балки зери боли тарбияи худ гирифт. Ӯ меафзояд: "​Дигар аз ҳамон вақт мо модари ӯро намедонем. Чанд касе пайдо шуду хост ӯро ба фарзандӣ гирад. Аммо ӯ нарафт, виҷдони худам ҳам набардошт. Ман ҳеч чиз надоштам. Нони қоқ металбидам, ки кӯдакҳоро хӯронаму пӯшонам. Ин духтарро Худо овард, бо ёрии Худо калонаш кардем."

Айнан ҳамин ҳодиса дар зиндагии Муродова баъди 9 сол дигарбора такрор шуд. Ин бор сарнавишт ӯро бо Аниса рӯ ба рӯ кард, ки навзоди мариз ва нохостаи як модари дигар буд.

Робия Муродова мегӯяд, вай барои Аниса ҳам доягӣ мекард. Модари ӯ ҳам дигар наомад, кӯдак бемор шуд, дар беморхонаи маҳаллаи маъруф ба "Якум Советский" ӯро дар вазнинхона хобонданд: "Модарашро ёфтаму гуфтам, фарзанди туст, фардо ягон гап шавад, аз гиребони ман нагир. Гуфт, ман даст мекашам. Вазъиятам вазнин. Баъд писарам гуфт, оча пул ёфт мешавад, Маликаро гирифтем, ӯро ҳам мегирем. Чанд тангаи ҷамъкардаамонро бурда ӯро табобат кардем. Ҳоло духтарчаам яксола шуд."

Ҳар кӣ бинвозад ятими хастаро
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

Робия Муродова дар оилаи бузурги иборат аз 14 нафар ба воя расидааст. Ӯ дар издивоҷи якум 10 сол ранҷӣ бефарзандӣ кашид ва ба ҳамин далел оила вайрон шуд. Аз шавҳари дувум соҳиби ду фарзанд шуд. Аммо рӯзҳое, ки ба истилоҳ ба нохуни фарзанд зор буд, аз пеши чашмаш дур намешавад ва ӯ дар ин хонаи кӯчак ҳоло розӣ ҳаст, даҳҳо кӯдаки дигарро низ ба фарзандӣ бихонад. Робия бо кӯдаконе, ки ҳоло ҳам бағалнишин ҳастанд, чойфурӯшӣ, кӯрпадӯзӣ ва фаррошӣ мекунад, то рӯзии фарзандонашро пайдо кунад.

Яке аз ҳамсояҳои Робия, ки худро Садбарг Ғафурова муаррифӣ кард, мегӯяд, “борҳо ба ӯ гуфтем, ки дар ҳамин шароити вазнин ба шумо чӣ даркор. Фарзандони мардумро бурда ба соҳибонаш диҳед. Мегӯяд, не, дӯсташон медорам. Мо ҳам мебинем, ки меҳри ӯ ба ин кӯдакон аз фарзандони худаш кам нест."

Малика хуб медонад, ки модари аслиаш Робия нест. "Агар рӯзе модарат пайдо шавад ва туро бо худ бурдани бошад чӣ мекунӣ?" - мепурсанд бисёриҳо бо кунҷкобӣ. Малика ба ин пурсишҳо як посух дорад " маро ҳамин модарам калон кардааст, ман бо ӯ мемонам."

Малика ва Аниса ба номи Робия ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд ва қонунан фарзанди ӯ ҳастанд. Ин хонавода дар як ҳуҷраи хобгоҳе воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, назди бозори Саховат зиндагӣ мекунанд. Вале ба онҳо низ ба мисли дигар сокинони ин хобгоҳ то моҳи март мӯҳлат додаанд, ки хонаро холӣ кунанд. Робия Муродова намедонад, ки баъди моҳи март чӣ кор мекунад.

Вай мегӯяд, ки “ҳамин қадар хонача дорем. Хона хурд аст, вале диламон бузург аст. Хонаи мо ба файзу бобаракат аст. Мора мехезед гуфта, қоғаз доданд. Ман хоҳиш дорам моро нахезонанд. Шароитро ман худам ба ӯҳда гирифтаам, фақат як сарпаноҳ бошад, ки мо дар кӯча намонем."

Мисли Маликаву Аниса соли 2015 дар Тоҷикистон 80 тифл ба фарзандӣ гирифта шудаанд. Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, солҳои ахир шумори модароне, ки аз фарзандони худ даст мекашанд, коҳиш ёфтааст.

Раванди фарзандхонӣ мураккаб аст ва аслан ба онҳое аз хонаи бепарасторон фарзанд медиҳанд, ки шароити хуби зист дошта бошанд. Аммо дар ин миён қазияи Робия, ки ғайриинтизор соҳиби ду фарзанд шудааст, комилан фарқ дорад. Ин зан бо ҳама сахтиҳо талош дорад, то фарзандонаш дар мактаб таҳсил кунанд.

Ӯ аз таҳсили онҳо умеди зиёде дорад: “Ман ҳеҷ чизро аз дунё надидам ва умед дорам, фарзандонам ҳамин хизматҳои маро ба назар бигиранд, нағз хонанд ва сари маро баланд бардоранд. Ба онҳо фақат насиҳат мекунам, ки хонед, ман камбағал будаму чизе надидем, шумо бубинед.”

Ин аст ҳоло ягона орзуе, ки ин зани бебизоат дар дили бузургаш мепарварад.

XS
SM
MD
LG