Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек ҷалби сокинон ба Сурияро ошкор кард


Дар Бишкек дар давоми соли гузашта 22 намунаи ҷалби сокинон ба ҷангҳои Сурия сабти ном шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати корҳои дохилии Бишкек Қашқар Ҷунушалиев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта 50 далели таблиғи ақидаҳои созмони мамнуи “Ҳизби Таҳрир” ошкор шудааст. Бештар аз 90 узви гуруҳҳои гуногуни тундгаро дар пулис сабти ном ва 6 созмони тундрав ошкор гардидааст.

Тибқи иттилои охирин, дар ҷангҳои Сурия бештар аз 500 шаҳрванди Қирғизистон иштирок дорад. Бештари онҳо аз вилоятҳои Ҷалолобод ва Ӯш ба ҷанг рафтаанд. То кунун наздики 30 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия кушта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG