Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҳоҷири тоҷик барои порадиҳӣ ба пулис


Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми қасди додани пора ба афсари пулис ҳабс шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Пулиси нақлиёти Екатеринбург гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Русия дастгир шуда буд ва дар дафтари кораш ба афсари пулиси истогоҳи роҳи оҳани Екатеринбург-Пассажирский 5 000 рубл, муодили қариб 70 доллар, пора пешниҳод кардааст. Алайҳи ин муҳоҷир бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия бо иттиҳоми қасди додани пора ба мансабдор парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG