Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш маркази сайёҳии Истамбулро такон дод


Сарвари Туркия дар таркиш дар маъруфтарин макони сайёҳии шаҳри Истамбул, ки бар асари он дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, нерӯҳои хориҷиро айбдор кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, гуфт, ки таркиш дар маркази шаҳри Истамбул эҳтимолан аз сӯи маргталаби суриягӣ анҷом шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 12 январ дар наздикиҳои лавҳаи ёдгории Феодосия дар минтақаи сайёҳии Султонаҳмад рӯй дод, дасти кам даҳ нафар кушта ва 15 каси дигар, аз ҷумла, се шаҳрванди Олмон маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки маргталаб худро дар канори сайёҳони хориҷӣ тарконидааст.

Эрдуғон гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳам туркҳо ва ҳам хориҷиҳо ҷон бохтаанд. Бар асари таркиш як мошини полис чаппа шудааст.

Таркиш маркази сайёҳии Истамбулро такон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Султонаҳмад аз маъруфтарин минтақаҳои таърихӣ ва сайёҳии Туркия маҳсуб мешавад ва аз соли 1985 ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО - Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ шомил аст.

Полис майдонро иҳота кардааст
Полис майдонро иҳота кардааст

Мақомоти Туркия гуфтаанд, ки иттилоъ дар бораи осебдидагон дақиқ карда мешавад. Шаҳрдории Истамбул тасдиқ кард, ки дар ин ҳодиса дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Аммо дар хабари шаҳрдорӣ дар бораи ҳуввияти қурбониёни ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Баъзе расонаҳо навиштанд, ки дар ин ҳодиса дар назди лавҳаи ёдгории Феодосия сайёҳон аз Олмон осеб дидаанд. Ахиран шаҳрдории Истамбул ҳам тасдиқ кард, ки се олмонӣ ҷароҳати сабук бардоштаанд.

Дар ҷойи ҳодиса корҳои фавриву наҷотбахшӣ ва тафтишотӣ идома дорад. Кормандони полис ҷойи ҳодисаро иҳота кардаанд, ҳаракати нақлиёт дар атрофи майдон мутаваққиф карда шудааст.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Сабабҳои таркиш ҳанӯз маълум нестанд, аммо, ба иттилои CNN Turk, мақомоти полис онро ҳамлаи террористӣ тавассути маргталаб арзёбӣ кардаанд.

Дафтари нахуствазир Аҳмад Довудоғлу пахши иттилоъ дар бораи таркиш аз тариқи садову симоро манъ кард. Бар пояи қавонини Туркия, ҳукумат дар ҳоли таҳдид ба амнияти миллӣ ва тартиботи ҷомеъа метавонад аз ин чора кор бигирад.

Се моҳ пеш, рӯзи 10 октябри соли гузашта, бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Анкара беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти Туркия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” карда буданд. Дар ҳамлаҳои қаблӣ дар Туркия курдҳо ва чапгароҳо низ айбдор мешуданд.

XS
SM
MD
LG