Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиндамонда" соҳиби се "Глобуси тиллоӣ" шуд


Алехандро Гонсалес Инярриту ва Леонардо ДиКаприо
Алехандро Гонсалес Инярриту ва Леонардо ДиКаприо

Филми “Зиндамонда” ба ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” дар бахши асосӣ – “Беҳтарин филм” лоиқ дониста шуд. Асари таҳиягари мексикоӣ Алехандро Гонсалес Инярриту, ки аз саргузашти Ҳю Гласс дар Амрикои қарнҳои гузашта қисса мекунад, ҳамчунин соҳиби ҷоизаҳо дар бахшҳои “Таҳиягари беҳтарин” ва “Ҳунарманди беҳтарин” шуд – зимнан, ҷоиза дар бахши ҳунарманди беҳтарин севвумин “Глобуси тиллоӣ”-и Леонардо ДиКаприо гардид.

Маросими супурдани ҷоизаҳои “Глобуси тиллоӣ” шоми якшанбе, 10 январ, дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд.

Ба ҷоизаи беҳтарин актрисаи зан Бри Ларсон барои нақши асосӣ дар филми “Хона” соҳиб гардид. Кейт Уинслет барои беҳтарин нақши дуввумдараҷаи занона ва Силвестр Сталлоне барои беҳтарин нақши дуввумдараҷаи мардона ба дарёфти “Глобуси тиллоӣ” муваффақ шуданд.

Филми маҷористонии “Писари Саул” беҳтарин филми хориҷӣ шинохта шуд.

Ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” аз соли 1944 ба ин сӯ супурда мешавад. Ин ҷоиза аз сӯи Анҷумани матбуоти хориҷӣ таъсис шудааст, ки ба он тақрибан 90 хабарнигори байнулмилалии Ҳолливуд шомиланд.

XS
SM
MD
LG