Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ду нафарро боздошт карданд


Ду шаҳрванди Қирғизистон баъд аз бозгашт аз Сурия ба ватани худ дар вилояти Ҷалолобод боздошт шудаанд. Онҳо ба эҳтимоли ширкат дар ҷангҳо бар зидди нируҳои давлатии Сурия дастгир шудаанд. Дар ин бора Микитбек Турдубеков-сухангӯи раёсати корҳои дохилаи вилоят ба матбуот хабар додааст.

Бино ба хабари Турдубеков, ҳар ду боздоштшуда сокинони ноҳияи Ноокати вилояти Уш мебошанд. Ба ин ду боздоштшуда иттиҳомҳои “зархаридӣ”, “суиқасд ба ҷони одамон”, “пайдо кардан, таҳия намудан ва ҳифзу тақсими маводи тундгароӣ” ва ҳамчунин “истифодаи барқасдонаи рамзҳои созмонҳои тундгаро” пешниҳод шудааст.

Бино ба маводи бозрасон, ин боздоштшудаҳо дар урдугоҳҳои тундравҳо дар Сурия омӯзиш дидаанд ва дар ҷангҳо бар зидди нируҳои ҳукуматии ин кишвар ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG