Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 25 афғон барои тирандозӣ ба ҳаво


Полиси афғон дасти кам 25 нафарро барои ба шарафи пирӯзии дастаи мунтахаби кишвар аз болои Зимбабве дар бозии крикет ба ҳаво тир холӣ кардан боздошт кард.

Раиси идораи полиси шаҳри Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ рӯзи 8 январ дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки аз дастгиршудаҳо силоҳи зиёд мусодира шудааст.

Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки бар асари тирандозии шоми 6 январ, вақте ҳазорон нафар дар сартосари Афғонистон пирӯзии дастаи мунтахабаи крикетро ҷашн мегирифтанд, як наврас кушта ва чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, тирандозӣ ба ҳаво боиси нигаронӣ ва норозигии сокинони Кобул шуд, ки аз ҷанг хаста шудаанд ва аз садои тиру тӯп ҳарос доранд.

Дастаи мунтахаби крикети Афғонистон дар сабқате, ки дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб мегузаранд, дар панҷ бозӣ пайи ҳам пирӯз шуд ва дар сафи даҳ дастаи беҳтарини олам ҷой гирифт.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбарони полиси Кобул аз мардум хоста буданд, ки аз тирпарронӣ ба шарафи пирӯзии дастаи мунтахаби крикет худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG