Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт боз ҳам пойин рафт


Қимати нафт дар бозори ҷаҳон рӯзи 7 январ аз 34 доллар барои як баррел ҳам арзонтар шуд, ки пойнтарин қимат дар тақрибан дувоздаҳ соли ахир аст.

Нафти навъи Brent дар бозор бо қимати 33,4 доллар барои як баррел фурӯхта шуд. Тайи як шабонарӯз баъд аз суқути бозори саҳҳоми Чин қимати ин навъи нафт 8 дар сад коҳиш ёфт.

Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Чин маҷбур шуданд, ки бар асари пойин рафтани қиммати саҳмияҳои ширкату корхонаҳои бузурги кишвар фаъолияти бозорҳои асосии молиявиро барои 15 дақиқа мутаваққиф кунад. Аммо баъд аз ин “танаффус” ҳам суқут идома кард ва масъулин дар бораи то охири рӯз қатъ шудани хариду фурӯш дар ин бозорҳо тасмим гирифтанд.

Ба думболи бозори Чин рӯзи 6 январ қиммати саҳмияҳои ширкату корхонаҳои бузурги амрикоиву аврупоӣ ҳам пойин рафт. Ин ҳама ба қимати рубли русӣ ҳам таъсир кард ва дар бозор як доллар бо 75 рубл хариду фурӯш мешуд.

XS
SM
MD
LG