Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данфорд: Аъмоли Русия мушкил эҷод мекунад


Раиси Кумитаи муштараки фармондеҳии ситодҳои Амрико генерал Ҷозеф Данфорд гуфт, ки амалкарди Русия барои ИМА ва шариконаш мушкил эҷод мекунад.

Дирӯз зимни посух ба савол дар бораи стратегияи нави амнияти миллии Русия, ки дар он густариш ва тақвияти НАТО ҳамчун хатар ба Русия арзёбӣ шудааст, генерал Данфорд гуфт, чунин мавзеъгирии Маскав тасаввури вай дар бораи хатарҳо аз сӯи Русияро тағйир надодаанд.

Ба қавли генерал, ӯ аз амалкарди Маскав бо дарназардошти захираи силоҳҳои ин кишвар - ҳам ҳастаӣ ва ҳам маъмулиаш дар мавриди таҳдидҳои ин кишвар ба ИМА ва шариконаш хулосабардорӣ мекунад. Рафтори Русия дар Украина, Қрим ва Гурҷистон Вашингтонро водор месозанд, ки ба зарфияти низомии Маскав таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунад, гуфт Ҷозеф Данфорд.

Раиси Кумитаи муштараки фармондеҳии ситодҳои ИМА гуфт, ки аз замони иҷрои вазифааш дар моҳи октябри соли гузашта вай ду маротиба бо фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов сӯҳбат кардааст ва мехоҳад бо ҳамтои русаш чунин тамоси доимиро нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG