Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби расмии доллар ба 7,11 сомонӣ расид


Tajikistan - Somoni and dollar, 12Jan2014
Tajikistan - Somoni and dollar, 12Jan2014

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4 январ қурби расмии долларро 7,11 эълон кард, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш 15 дирам нисбат ба як доллар ва 15 сомонӣ нисбат ба сад доллар қиматтар аст. Яъне, агар дар ҳафтаи пеш 100 доллар ба 696 сомонӣ дар бонкҳо иваз мешуд, ҳоло ин нарх ба 711 сомонӣ расидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон далели болоравии қуби расмии долларро шарҳ надодааст. Аммо ду моҳи қабл ин ниҳод тамоми саррофиҳоро ба далели боло бурдани қурби доллар баста ва ивази асъорро танҳо дар бонкҳо, созмонҳои қарзӣ ва нуқтаҳои интиқоли пул иҷозат дода буд.

Баъзе аз корафтодаҳо мегӯянд, ки ҳоло 100 доллар дар бозори ғайрирасмии ивази асъор ба 760-780 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

Болоравии арзиши доллар дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта мушоҳида шуд ва ба дунбол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар рӯзҳои аввали кори худ таъини қурби долларро ба уҳдаи худ гирифтан ва тавонистанд то ҷое беқурбшавии сомониро боздоранд. Вале иқтисоддонҳо гуфта буданд, ки ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад бикафад.

Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ хостори ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани саррофони ғайрирасмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG