Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё шеваи хоб рафтан ба фаъолияти асаб таъсир дорад?


Донишмандон мегӯянд, ки тариқаи хоб рафтан, мумкин аст ба шеваи фаъолияти мағзи сар таъсир бигузорад. Зеро шеваи кор кардани асаб имкон дорад бо ҳолати бадан вобастагӣ дошта бошад.

Бо он ки ҳанӯз донишмандони соҳаи илми хоб намедонанд, ки чаро одамҳо хоб мераванд ё чаро хоб мебинанд, аммо таҳқиқоти нав нишон додааст, ки "вазъияти хобидан" ба шеваи хоб дидан таъсири зиёде мегузорад.

Барои намуна ба назар мерасад, ки тариқаи дароз кашидан ва хоб рафтан, мумкин аст ба шеваи фаъолияти мағзи сар дар вақти хоб таъсир бигузорад. Нигоҳе ба таҳқиқоте, ки дар солҳои гузашта дар бораи шеваи хобидан анҷом шудааст, ҳикоят аз он дорад, ки вақте вазъият ва мавқеияти дароз кашидан дар вақти хоб иваз мешавад, навъи хоб дидан ҳам тағйир меёбад.

Дар як пажӯҳиш, ки дар соли 2004 анҷом шудааст, аз ширкаткунандагон хоста шуд, ки баъд аз хобидан ба (фақат) тарафи рост ё (фақат) тарафи чапи бадан, хобҳо ва мизони дурустии ин хобҳоро сабт кунанд. Натиҷаи ин таҳқиқот нишон дод, афроде, ки бар тарафи чапи баданашон мехобанд, бисёр бештар аз дигар гурӯҳ хобҳои парешон дида буданд. Афроде, ки бар тарафи рост хобида буданд, бештар имкон доштанд, ки хобҳояшонро ба хотир биоваранд ва ҳиси амният ва роҳатии хобашонро дошта бошанд.

Бо вуҷуди он, ки ин пажӯҳиш дар байни шумораи ками афрод баргузор шудааст, аммо муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки байни кайфияти хоб ва чигуна дароз кашидан, вобастагӣ вуҷуд дорад, зеро шеваи кор кардани мағзи сар мумкин аст бо ҳолати бадан иртибот дошта бошад.

Дар таҳқиқи дигаре, ки дар донишгоҳи Ҳонг-Конг анҷом шудааст, мутолиаи рафтори ширкаткунандагон дар вақти хоб нишон додааст, ки афроде, ки ба шикам мехобанд ва рӯяшон ба тарафи ҷои хоб аст, аз ҳама бештар хобҳои возеҳ доранд, мисли дидани ҷирмҳои фазоӣ, ҳабс шудан дар ҷое ва тангнафасӣ.

Назарияҳое ҳам вуҷуд дорад, ки мегӯянд, ба таври нишаста бихобем, хобҳои возеҳтар мебинем, зеро ки ба ҳолати бедорӣ наздиктарем. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кадом аз ин назарияҳо собит нашудааст.

Ба ғайр аз тариқаи дароз кашидан, табибон тавсияҳое барои беҳтар шудани кайфияти хоб доранд, ки доштани вақти муайян барои хоб, парҳез аз фаъолиятҳои эҳсосӣ қабл аз хоб, варзиши муназзам, парҳез аз хӯрдани хӯроки сахт, танзими ҳавои хонаи хоб, чун гармӣ метавонад боиси хоби бад шавад, ҳамчунин хомӯш кардани васоили электрикӣ монанди телефони дастӣ, ки мумкин аст дар нимаи шаб шуморо аз хоб бедор кунанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG