Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 низомии ироқӣ дар ҳамла ба пойгоҳ


Ҳамлаи панҷ маргталаб ба як пойгоҳи низомӣ дар шимоли Бағдод рӯзи 3 январ мунҷар ба ҳалокати дасти кам 12 корманди амниятӣ ва ҷароҳат бардоштани 22 нафари дигар шуд.

Мақомоти амниятии Ироқ гуфтанд, ки ду террорист камарбандҳои худро дар дарвозаи ғарбии пойгоҳи Шпайхер, пойгоҳи пешини нерӯҳои амрикоӣ дар наздикиҳои шаҳри Тикрит, таркониданд. Се нафари дигар худро баъд аз вуруд ба биное инфиҷор карданд, ки он ҷо кормандони полиси Ироқ таҳсил мекунанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Ҳамла ба пойгоҳ чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки нерӯҳои амниятии Ироқ бо кӯмаки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба таҳти назорат қарор додани шаҳри Ромадӣ муваффақ шуданд. “Давлати исломӣ” ин шаҳрро тобистони соли гузашта ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG