Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 нафар дар таркише дар Мардон


Полиси Покистон хабар дод, ки бар асари таркиши бомб дар як идораи давлатии шаҳри Мардон, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, дасти кам 18 нафар кушта ва тақрибан 30 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Афсари аршади полис Саид Хон Вазир гуфт, ки таркиш рӯзи 29 декабр дар бахши маҳаллии идораи шиносномадиҳӣ рӯй дод. Ҳоло кормандони полис дар пайи муқаррар кардани ҷузъиёти ҳодисаанд ва ба суоле посух меҷӯянд, ки бомб аз сӯи маргталаб мунфаҷир шудааст ё бомбро ба мотосикл насб карда буданд, афзуд ӯ.

Масъулияти таркишро ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибони Покистон кардаанд, ки қаблан ҳамин гуна ҳамлаҳоро анҷом дода буданд.

Шаҳри Мардон дар 50-километрии шимолу ғарби Пешовар, маркази вилояти Хайбар Пахтунхва, ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG