Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди зиндон ба ду муҳоҷири тоҷик дар Русия


Додситони вилояти Кургани Русия дар қиболи ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти додситонии вилояти Курган, Тӯхтасинов Х.Х. ва Эргашева Б.Б. дар моҳи августи соли ҷорӣ аз тариқи вилояти Қазоқистони Шимолӣ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди ноҳияи Петухови вилояти Курган ворид шудаанд.

Ин дар ҳолест, қаблан ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуда буданд. Дар назар аст, дар аввалҳои соли оянда додгоҳи ноҳияи Петухов ин парвандаро баррасӣ кунад. Дар Кодекси ҷиноии Русия барои убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар 6 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG