Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоиён дар зиндон бо бастагонаш мулоқот кард


Ҷейсон Ризоиён
Ҷейсон Ризоиён

Ба Ҷейсон Ризоиён-гузоришгари рӯзномаи “Washington Post”, ки бештар аз 500 рӯз дар асорати Давлати Исломии Эрон қарор дорад, иҷоза дода шуд, ки бо хонаводааш дар иди Милоди Масеҳ наҳор хӯрад. Дар ин бора рӯзномаи мазкур гузориш додааст.

25 декабр дар як изҳорот Мартин Барон-сардибири иҷроии ин рӯзнома гуфт, онҳо хеле хушҳоланд, ки ба ҳамкорашон Ҷейсон иҷоза дода шудааст, то бо модараш Мэрӣ ва хонумаш Ягона Солеҳӣ мулоқоти тӯлонӣ дошта бошад.

Дар изҳорот омадааст, ки дар давоми 522 рӯзи асорат ва боздошти ғайриодилонаи марди бегуноҳ ин мулоқот истисно дониста мешавад.

Ризоиён 39 сола аст ва шаҳрвандаии ҳам Амрико ва ҳам Эронро дорад. Вайро дар аввалҳои соли ҷорӣ барои ҷосусӣ муттаҳам карданд ва дар паси дарҳои баста нигоҳ медоранд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ додгоҳи Эрон гуфт, ки Ризоиён барои муддати номуайян зиндонӣ шудааст. Хонавода ва рӯзномаи “Washington Post” борҳо иттиҳомти зидди вайро такзиб ва раҳоии вайро талаб кардаанд.

XS
SM
MD
LG