Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарендра Модӣ ба Лоҳури Покистон меравад


Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, барои нахустин бор баъд аз пазируфта шуданаш дар ин мақом, рӯзи 25 декабр вориди Покистон мешавад. Ӯ рӯзи ҷумъа баъд аз дидору гуфтугӯҳо дар Кобул, аз ҷумла, музокирот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва суханронӣ дар бинои нави парлумони Афғонистон, ки бо 200 миллион доллар сармояи Ҳинд бунёд шудааст, дар Твитер навишт, умедворам, ки имрӯз дар роҳи бозгашт ба Деҳлӣ дар шаҳри Лоҳур бо нахуствазир Навоз Шариф мулоқот кунам.

Нарендра Модӣ нахустин раиси ҳукумати Покистон аст, ки аз соли 2004 ба ин сӯ ба Покистон ташриф меоварад. Нахуствазири Покистон аз ин пеш дар Маскав бо мақомоти Русия музокирот анҷом дода буд.

Ҳиндустону Покистон баъд аз баҳсҳои тулонӣ оид ба мавзеъҳои баҳсбарангези марз ва айбмониҳо дар терроризм ахиран дар бораи аз сар гирифтани музокироти сулҳ ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG