Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина ҳаққи эълони таҳримҳоро дарёфт


Ятсенюк дар минбари Верховная Рада
Ятсенюк дар минбари Верховная Рада

Парлумони Украина тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки ба ҳукумат барои аз 1 январи соли 2016 ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия иҷоза медиҳад. Тарҳи қонун рӯзи 24 декабр бо аксари оро қабул шуд.

Аз ин пеш нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки кобинаи вазирон мехоҳад ба тасмими Русия барои мутаваққифсозии созиш дар бораи минтақаи тиҷорати озод ва ҷорӣ кардани эмбаргои озуқа алайҳи Украина посухи сазовор диҳад.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, рӯзи 21 декабр зери қароре имзо гузошт, ки бар пояи он алайҳи Украина, барои пуштибонияш аз таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, эмбаргои маводи озуқа ҷорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи нахуствазир, тасмими Маскав бо изҳороти Киев дар бораи аз соли оянда татбиқ шудани бахши иқтисоди Созиши ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо бастагӣ дорад.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дар бораи мутаваққифсозии созиш дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Украинаро имзо кард. Созиш дар бораи минтақаи тиҷорати озод, ки соли 2011 имзо шуда буд, аз 1 январи соли 2016 боз дошта мешавад.

XS
SM
MD
LG