Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Сурия моҳи оянда баргузор мешавад


Гуфтушунид оид ба бӯҳрони Сурия дар Вена дар моҳи ноябри соли равон.
Гуфтушунид оид ба бӯҳрони Сурия дар Вена дар моҳи ноябри соли равон.

Як мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки гуфтушуниди нав дар робита ба бӯҳрони Сурия моҳи январ дар Женева баргузор хоҳанд шуд. Майкл Моллер, раҳбари дафтари СММ дар Женева, рӯзи 22 декабр ба хабарнигорон гуфт, қарор аст музокироти навбатӣ дар дафтари СММ дар ин шаҳри Швейсария баргузор хоҳад шуд, аммо санаи баргузории он ҳанӯз ҳам номаълум аст.

Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа, 18 декабр, бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Тасвиби ин қатънома нишонаи камсобиқа аз тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҷанг дар Сурия аст. Ин қатънома хостори ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайри фирқаӣ" дар шаш моҳи оянда шуда ва мегӯяд, дар "18 моҳи оянда интихоботи озод ва одилона бар асоси Қонуни асоси нав баргузор хоҳад шуд."

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Суряи дасти кам 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG