Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё низомиёнашро ба Ҳилманд фиристод


Сарбозони артиши Афғонистон дар Ҳилманд
Сарбозони артиши Афғонистон дар Ҳилманд

Бритониё гурӯҳи низомиёни худро ба вилояти Ҳилманди Афғонистон фиристод. Нашрияи Times чопи Лондон рӯзи 22 декабр навишт, ки тақрибан 30 низомии хадамоти вокуниши сареъи Бритониё (SAS) ва 60 низомии амрикоӣ барои кӯмаки нерӯҳои афғон ба Ҳилманд фиристода шуданд.

Намояндаи вазорати дифои Бритониё ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки низомиёни кишвар дар ҷангҳо ширкат намекунанд ва фақат ба нерӯҳои афғон машварат хоҳанд дод.

Як рӯз пеш волии Ҳилманд хабар дод, ки толибон бинои ҳукумати волусволии Сангинро муҳосира кардаанд ва ҷангҳо дар ин мавзеъ идома доранд. Ба гуфти ӯ, ҳама роҳҳо ҷониби Сангин аз сӯи толибон назорат мешаванд.

Бритониё соли гузашта нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кард ва айни ҳол тақрибан 450 афсару сарбози кишвар ба тамрини низомиён ва кормандони амниятии афғон машғуланд.

Ҳилманд, бузургтарин вилояти Афғонистон, дар гузашта низ яке аз пойгоҳҳои толибон ба шумор мерафт ва онҳо баъд аз хуруҷи неруҳои эътилофи байналмиллалӣ ҳамлаҳои худро афзоиш додаанд. Дар ин вилоят то хатми амалиёти НАТО дар Афғонистон дар соли гузашта, пойгоҳҳои низомии нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ ҷойгир шуда буданд.

Афзоиши ноамниҳо дар вилояти Ҳилманд дар ҳолест, ки вазорати дифои ИМА ахиран дар як гузориш ба Конгресси Амрико гуфтааст, вазъи амниятӣ дар Афғонистон дар нимаи дуввуми соли равон вахимтар шудааст. Рӯзи 21 декабр бошад Пентагон тайид кард, кибар асари ҳамлаи маргталабона дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром, дар канори Кобул, пойтахти Афғонистон 6 сарбози амрикоӣ кушта шуданад. Вазири дифои Амрико Эш Картер дар як баёния гуфт, дар бомбгузории рӯзи 21 декабр дар Багром ду низомии дигар ва як корманди қарордодии Амрико низ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG