Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Украина: Вазъият дар кишвари мо ором аст


Сафири Украина тарғиботи иттилоотии Русия мабнӣ бар ноором будани вазъ дар Украинаро омили худдории донишҷӯён барои таҳсил дар кишвараш унвон кард.

Виктор Никитюк рӯзи сешанбеи 22 декабр зимни нишасти матбуотии солонааш бо хабарнигорони расонаҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки мутаассифона ба сабаби таблиғоти иттилоотии Русия, ки гӯё вазъ дар Украина ноором аст, донишҷуёни тоҷик аз сафар барои таҳсил ба Украина худдорӣ мекунанд.

Ҳарчанд ба гуфтаи сафир ҳоло дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои олии Украина 400 тан аз донишҷуёни тоҷик таҳсил доранд.

Виктор Никитюк равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки ҳар ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, ба хусус, энергетика ҳамкориҳои мутақобилан судманд доранд.

Ӯ гуфт, ин кишвар тааҳҳуди худро дар мавриди омода кардани таҷҳизот ва турбинаҳо барои неругоҳҳои Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи ҷаноби Никитюк, Украина талош дорад дар соли 2016 иртиботи мустақими ҳавоӣ бо Точикистонро дубора аз сар бигирад. Хати сайри ҳавопаймоҳо миёни Душанбе – Киев дар соли 2013 мутаваққиф шуда буд.

XS
SM
MD
LG