Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Кувайтро ба ҳамкорӣ даъват кард


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни дидор бо Марзуқ Алӣ ал-Ғоним, раиси парлумони Кувайт, мавзӯъи ҷалби сармояи Кувайт ба бахши истихроҷи маъодини Тоҷикистон, аз ҷумла, конҳои нафту гозро матраҳ кардааст.

Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҷаноби Зуҳуров дар ин замина ба таҷрибаи бойи Кувайт дар истихроҷи нафту гоз ишора кардааст.

Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон аз соҳибкорони кувайтӣ даъват кардааст, то дар бунёдикорхонаҳои муштараки истеҳсоли семент, коркарди пахта, мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ дар Тоҷикистон ширкат кунанд.

Марзуқ Алӣ ал-Ғоним гуфтааст, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик сафорати Кувайт дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда ва ин амр метавонад дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Кувайт мусоидат кунад.

Дар поёни дидори Шукурҷон Зуҳуров аз Кувайт миёни Маҷлиси миллии Кувайт ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ёддошти ҳусни тафоҳум имзо гардид.

XS
SM
MD
LG