Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди хонаҳо ба осебдидагон баҳор оғоз мешавад


Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 7 декабр баррасӣ шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, нахуст дар ҷаласа Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар дар бораи талафоти ҷонию хисороти молие, ки ин офати табиӣ дар пай доштааст, гузориш додааст.

Ба гуфтаи Расулзода, дар вилояти Бадахшон 237 манзил пурра ва 588 манзил қисман хароб шуда, мактабу китобхона ва муассисаҳои дигар низ бар асари заминларза осеб дидаанд. Сокинони осебдида ба ҷойҳои зисти муваққатӣ интиқол ёфта ва онҳо бо маводи ғизоӣ, либос ва маводи зарурии рӯзгор таъмин шудаанд.

Инчунин, корҳои тоза кардани роҳҳои мошингард аз сангу хок шурӯъ шуда, дар назар аст, ин корҳо дар зарфи се рӯзи оянда анҷом шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки минтақаҳои бехавф барои бунёди манзил мушаххас шуда ва бо фарорасии фасли баҳор сохтмони хонаҳо барои мардуми осебдида шурӯъ шавад.

XS
SM
MD
LG