Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза боз Тоҷикистонро такон дод


Рӯзи 7 декабр боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо, заминларза соати 12:50 ба вақти Тоҷикистон рух дода, марказаш атрофи Мурғоб, 367-километрии шарқи Душанбе будааст. Ба иттилои ин марказ, нерӯи зилзила дар онҷо 7,2 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. То ҳол маркази зилзилашиносии Тоҷикистон нагуфтааст, нерӯи ин заминларза дар пойтахти кишвар чӣ қадар буд. Аммо але бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "шадид" будани ин заминларза хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG