Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ноболиғ бар асари садама


Рӯзи гузашта дар роҳи масири Ҷилликӯл-Қӯрғонтеппа духтари 10-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ зери чархи мошини «Тойот-Кемрӣ», ронандааш сокири ноҳияи Варзоб афтода, кушта шудааст.

Бино ба иттилои торнамои «mvd.tj», ҳамчунин, дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Ҷангалаки шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Опел-Зефира”, ронандааш сокини ноҳияи Фархор писарбачаи 6-сола, хонандаи синфи 1, сокини ноҳияи Варзобро пахш кардааст.

Дар натиҷа ин писарбача ҷароҳати вазинини ҷисмонӣ бардошта ва дар маҳали ҳодиса ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG