Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Сеул аз сар гирифта шуданд


Ҳазорҳо нафар рӯзи 5 ноябр дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, дар намоиши зиддиҳукуматӣ ҷамъ омаданд. Тазоҳургарон алайҳи ислоҳоти меҳнатӣ ва кишоварзии ҳукумат ва нашри китоби дарсии ягонаи таърих шурӯъ аз соли 2017 эътироз мекунанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, барои назорати авзоъ дар хиёбонҳои шаҳр тақрибан 20 ҳазор корманди полис сафарбар шудаанд. Баъзе аз эътирозгарон дар рӯ ниқоб ва тоскӯлоҳҳои мудофиавӣ доранд.

Иттиҳодияҳои синфии Кореяи Ҷанубӣ, ки намоишҳоро ташкил кардаанд, аз он норозиянд, ки ҳукумат бо вуруди тағйирот раванди аз кор хориҷ намудани кормандонро сабуктар мекунад. Эътирозгарон аз он ҳам нигаронанд, ки дар китобҳои нави таърих, ки баъд аз тақрибан ду сол барои барномаҳои мактабӣ ҳатмӣ мешаванд, режимҳои диктаторӣ дар Корея сафед карда хоҳанд шуд.

Бист рӯз пеш дар ҳамин гуна намоиш дар Сеул миёни эътирозгарон ва полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваста буд.

XS
SM
MD
LG