Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мизони содироти Тоҷикистон ба Русия


Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ мизони маводи содиротии Тоҷикистон ба Русия дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин арқом рӯзи панҷшанбеи 4 декабр дар ҷараёни суханронии Александр Тсибулский, муовини вазири рушди иқтисоди Русия дар конференсияи ҳамкориҳои минтақавии “Тоҷикистону Русия” дар шаҳри Душанбе эълом шудааст.

Зимнан, гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 916,9 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин рақам аз нишододи соли 2013 ба миқдори 170 миллион доллар ё 20,3 дарсад бештар будааст.

Аммо ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва Тоҷикистон мизони гардиши мол дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 242 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст.

Аз сӯйи дигар, Русия аз бузургтарин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, саҳми Русия дар маҷмӯъи сармояҳои хориҷӣ беш аз 30 дарсадро ташкил додааст.

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” аз бузургтарин тарҳи сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, ширкати “Газпромнефт” ба бахши истихроҷи нафту гази Тоҷикистон беш аз 40 миллион доллар сармоя ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG