Ҳунарнамоии тоҷикони Қирғизистон, ки 24-уми ноябр дар толори бузурги Консерваторияи миллии Қирғизистон баргузор шуд, ташаббуси президенти cобиқи Қирғизистон Роза Отунбаеваро бо муваффақият ба анҷом расонд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Қодиршоҳи Мурувват-муовини раиси Созмони тоҷикони муқими Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ гуфт, ҳунармандони тоҷик асосан муаллимону кишоварзони вилоятҳои ҷанубии Ботканду Ӯш ва ҳамчунон донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон буданд.
Дар нишаст Роза Отунбоева хабар дод, ки дар чорчӯби ин ташаббус 12 консерти иттиҳодияҳои халқу миллатҳои муқими Қирғизистон баргузор шуд.
Ба қавли Қодиршоҳи Мурувват Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, ки намояндаи 55 ҳазор тоҷики кишвар аст, соли 1993 ба узвияти Ассамблея ва ё Маҷмаи миллатҳои Қирғизистон пазируфта шудааст.