Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров барои мулоқот бо ҳамтои туркаш омода аст


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки аз мулоқот бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу дар Белград сарпечӣ нахоҳад кард. Изҳороти ӯ дар ин бора рӯзи 2 декабр баъд аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Қибрис Иоаннис Касоулидес дар Никосия садо дод.

Мулоқоти вазирони умури хорирҷии кишварҳои узви Сомони амният ва ҳаморӣ дар Аврупо рӯзҳои 3-4 декабр дар Белград, пойтахти Сербия, баргузор мешавад. Лавров гуфт, ки Мавлуд Човушоғлу барои музокирот дар долонҳои нишасти Белград пойфишорӣ дорад. Мо аз ин мулоқот сарпечӣ намекунем ва бубинем, ки ҷаноби Човушоғлу чӣ гуфтаниҳо дорад, афзуд Сергей Лавров.

Як ҳафта пеш Мевлут Човушоғлу гуфта буд, ки бо Лавров телефонӣ гуфтугӯ кардааст ва ба тавофуқ расидаанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳам мулоқот кунанд.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт.

Аммо Русия мутмаин аст, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд ва аз ин рӯ Туркия бояд узрхоҳӣ кунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

XS
SM
MD
LG