Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атоӣ мушовири сафорат дар Ишқобод таъин шуд


Абдулфайз Атоӣ
Абдулфайз Атоӣ

Абдулфайз Атоӣ, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мушовири сафорати кишвар дар Туркманистон таъин шудааст. Ин дипломати тоҷик 30 ноябр бо тасдиқи хабар ба Озодӣ гуфт, дар ин бора фармони вазири умури хориҷӣ имзо шудааст. Абдулфайз Атоӣ гуфт, "рӯзи душанбе рӯзи охирини кории ман ба ҳайси сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст ва дар рӯзҳои наздик ба Туркманистон хоҳам рафт". Оқои Атоӣ моҳи апрели соли 2013 дар мақоми ҳозирааш ҷойгузини Давлат Назрӣ шуд, ки ҳоло дувумӣ ба унвони дипломат дар сафорати Тоҷикистон дар Белорус ба фаъолияташ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG