Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи 29 ноябр барои ширкат дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тайири иқлим ба Пориси Фаронса рафт.
Манобеи расмии Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи барномаи мулоқоту гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Порис маълумоте интишор накардаанд. Аммо дар вебсайти расмии Комиссияи Аврупо омадааст, ки рӯзи 1-уми декабр мулоқотҳои ҷудогонаи президенти Комиисияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ва хонум Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.